83138 2-40-07

АКСИЯИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ"- РОҲ БА СӮИ БУНЁДКОРӢ!!!

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, санаи 20-уми июни соли  ҷорӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ "Якҷоя месозем" роҳравҳои ҳудуди маҳали ташкилоти ибтидоӣӣ "Тутқавул"  таъмир гаардиданд.

Ташаббуси мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии “Тутқавул” Қалуғов Назрулло ба роҳ монда шуда, татбиқи он аз ҷониби сокинон дастгири ёфт.

Ҳизбиёни шаҳри Норак дар татбиқи ташаббусҳои ҳизбӣ камари ҳиммат баста, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ин доира корҳои созандагиву бунёдкорӣро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Зеро маҳз бо роҳи ташкили чунин аксияҳо метавон сокинони маҳалро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуда, деҳавву маҳали хешро ободу зебо намуд.