83138 2-40-07

Рӯзи Ёдоварӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29- майи соли ҷорӣ Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилояти оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар ин рӯз беш аз 95 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи  маҳаллаҳо барои тоза намудани гирду атроф ва дохили  оромгоҳҳо баромада саҳми арзандаи худро гузоштанд.  Қайд кардан ба маврид аст, дар ин рӯз  ки тибқи ҳамин нақша дар тамоми оромгоҳҳои шаҳр сокинон ба тоза намудани оромгоҳҳо бармада буданд.