83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУЛИ САНГИНИ ШАҲРИ НОРАК.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин  тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи деҳот Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" яъне тоза намудани гирду атрофи деҳоти  Пули Сангин  баргузор гардид.

Кормандони ҷамоати мазкур дар ҳамбастагӣ бо ҷонибдорони ҳизб бо меҳнати софдилона гулҳову дарахтони муассисаро нарм карда.

Инчунин гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.