83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" санаи 4-уми апрели соли 2024 дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ ва аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" аксияи тозагӣ дар назди бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак доир гардид.

Зикр намудан зарур аст, ки мо ҳама мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони миллати тоҷик бояд баҳри обододиву сарсабзгардонии кишвари хеш талош намоем.

Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди шаҳр бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чунин иқдомҳоро баргузор намоянд.