83138 2-40-07

АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАРАННУМГАРИ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ МИЛЛАТ АСТ”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 19-уми марти соли 2024, №16 ва барқияи  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2024, №24/10-21 ҷиҳати тарғибу ташвиқи  пӯшидани либосҳои миллӣ дар давоми моҳи март – апрел ба таври васеъ миёни сокинони шаҳри Норак аз ҷониби масъулини Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак  роҳандозӣ гардид.

Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем. Либоспӯшии тоҷикӣ бо такя ба назокати хоси матлуб моро дар роҳи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.

Анъанаҳои миллии худро аз ҷумла либоси миллӣ – чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд бояд қабул дошта бошем ва ҳамзамон ин гуна либосҳо пурра ба талаботи замона ҷавобгуй ҳастанд.