83138 2-40-07

Амалиёти муштараки "Мактаби ман" дар муассисаҳои таълимӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  28 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр ва собиқадорони ҳизбу меҳнат  дар муассисаи  таълимии умумии №10   соати  мулоқот таҳти унвони "мактаби ман!"  баргузор гардид.

Зимни суҳбат шахсони соҳибмаърифат оид ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд. Инчунин, баромадкунандагон вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуда,  аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи  амалиёти муштарак  ҳамдаст бошанд ва дар пешрафту шукуфоии Ватан  саҳмгузор бошанд.