83138 2-40-07

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШИИ" ВАТАНПАРВАР" ДАР ШАҲРИ НОРАК ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 14 феврали соли 2024 дар майдони марказии шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” бо иштироки муовини раиси шаҳр- Ҳакимзода Зуҳро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак-Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш- Зайниддинов Азамат, мудири шуъбаи маориф- Ҳайдарзода Садбарг, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Норак- Абдуллоев Хушвахт ва намояндаи Комисариати ҳарбии шаҳр баргузор гардид.

Озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Норак баргузор гардид. Мақсад аз баргузории озмун- баланд бардоштани сифати хештаншиносӣ, сифатҳои ахлоқӣ, такмилдодани корхои ватанпарварӣ, варзишӣ, шуурнокӣ, ҷасорат, зиракиву тобоварӣ мусобиқаи ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" бахшида ба 31-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахлоқӣ, дӯстиву иттифоқ байни ҷавонон, аз худ намудани "Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ" ва омода намудани онҳо ба дифои Ватан мебошад.

Дар оғози чорабинӣ муовинони раиси шаҳри Норак баромад намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо, ки моҳияти ватанпарастию ватандўстӣ доранд дар шароити тезутунди ҷомеаи имрўза ба маврид аст. Ва аз тарафи дигар барои омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар нақши бағоят муассир дорад.

Бояд қайд намуд, дар Озмуни мазкур 18 гурӯҳ аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирк намуданд, ки гурӯҳҳо мувофиқи машқу тамринҳои омода намудаашон ҳамаи шартҳои низомномаро, бо навбат иҷро намуда, аз тарафи ҳайати ҳакамони мусобиқа баҳогузори карда шуд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз рӯйи наминатсияи бахшҳо бо тӯҳфа ва Сипосномаи  КИ ҲХДТ  дар шаҳри  Норак  мукофотҳои бахши корбо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва ин чунини  бо  мукофотҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Норак    қадрдони  карда  шуданд.