83138 2-40-07

Баромади масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар радиои шаҳрӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 10 феврали соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радиои маҳалии шаҳр баромад карданд.

              Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур дар бораи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бунёдкорӣ, ҷавонон, сайёҳиро ба самъи аҳолии Норакшаҳр расонид.

Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон баромад намуда, чунин қайд кард, ки  Пешвои миллат дар Паёми соли ҷорӣ низ ҷойгоҳи занону бонувонро дар рушду нумуи ҷомеаи давр баланд арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст». Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон бештар гардид.

Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз зумраи он санадҳои муҳимтарине маҳсуб мешавад, ки дар таърихи давлатдории муосири мавқеи вижаро соҳиб гардидааст.