83138 2-40-07

Ҷамъбасти мусобиқаи варзишии намуди футбол барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норакҷ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31-уми соли 2024 тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  мусобиқаи варзишии намуди футбол барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни ҷавонони шаҳр ҷамъбаст гардид.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи футбол аз санаи 2-юми январи соли 2024 то санаи 31-уми январи соли ҷорӣ идома ёфт.

Дар чорабинии мазкур Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, муовинони раиси шаҳр Маҳмадизода Хайриддин ва Ҳакимзода Зуҳро иштирок  доштанд.

Дар  мусобиқа 16 даста иштирок намуданд ва дар ин муддат 61 бозӣ доир карда шудааст.

Натиҷаи ҷамъбасти мусобиқаи мазкур чунин арзёбӣ карда шуд:

Ҷойи  1-ум ба дастаи Электрон бо “Ҷоми ҲХДТ”, Дипломи дараҷаи Ⅰ  ва маблағи  6 000 сомонӣ.

Ҷойи  2-юм ба дастаи Ворисони Сино бо Дипломи дараҷаи Ⅱ ва маблағи 4 000 сомонӣ.

Ҷойи  3-юм ба дастаи Соҳибкорон бо Дипломи дараҷаи ⅠⅡ ва маблағи 3 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин нишонзани беҳтарин Қурбонов Акмал бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва маблағи 300 сомонӣ, бозингари беҳтарин Азимов Саидмухтор бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо маблағи 300 сомонӣ, дарвозабони беҳтарин Шарифзода Ҳабиб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо маблағи 300 сомонӣ, инчунин бозингари ҷавонтарини даста Каримов Самир бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо маблағи 300 сомонӣ, ба дастаи “Звезда” барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи мазкур Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, ба дастаи “Динамо” барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи мазкур Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, мураббии беҳтарини дастаи “Сомониён” Бобиев Хайрулло Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, ҳамчунин ба дастаи НБО-и Бойғозӣ барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи мазкур Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, ҳамчунин барои ҳамкориҳои мутақобила ва судманд директори варзишгоҳи марказии шаҳр Каримов Сафар бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва  мураббии варзиш  Исоқов Орзу бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак сарфароз гардонида   шуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба ҳамаи варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, дар самти рушди варзиш муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд..