83138 2-40-07

Рафти баргузории вохӯрии вакил оид ба таблиғу ташвиқи Паём

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҳмонов Фирӯз аз ҳавзаи интихоботии рақами №33 дар толори маҷлисгоҳи МТМУ-и №7   бо интихобкунандагонашон доир гардид.

Раҳмонов Фирӯз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии рақами №33 зимни баромад қайд намуданд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим  арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

 Ғуломов Шамсулло директори МТМУ-и №7  зимни баромад қайд намуд, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.

Дар охир интихобкунандагон оид ба иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ якчанд пешниҳод ва  дархост  намуданд.