83138 2-40-07

ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми январи соли 2024 Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, Раҷабов Насим мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, Боев Умед Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ аз рафти мусобиқаи варзишии намуди футбол, ки барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ  бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ миёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба роҳ монда шудааст,  дидан намуданд.

Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак бо варзишгарон суҳбат намуда, қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаю бунёдкорона ва тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавонон тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, дарёфти варзишгарони бомаҳорат, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни ҷавононро ба назар гирифта, мусобиқаи мазкурро ба роҳандозӣ намудааст.

Имрӯз  26-уми январи соли 2024 соати 14:00 дастаи футболи Хучалонӣ бо дастаи футболи Звезда ба майдон мебароянд ва ҳамзамон дастаҳо барои  дар бозиҳои 1/4  ниҳоӣ иштирок кардан  муайян карда мешаванд.

Рӯзи 27-уми январи соли 2024 бозиҳои 1/4  ниҳоӣ оғоз мегардад.

Ба дастаҳо мувафақият мехоҳем.