83138 2-40-07

ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад.

Айни замон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Норак мусобиқаи  варзишии намуди футбол миёни дастаҳои корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ рафта истодааст.

Хотиррасон менамоем дирӯз 24-уми январи соли ҷорӣ дар бозии навбати дастаи  футболи Электрон бо дастаи футболи МТМУ-и №8 ва МТМУ-и №9 бо дастаи  футболи  Ворисони Сино ба майдон баромада, дастаҳои Электрон, Ворисони Сино ғолиб баромаданд

Ба таваҷҷуҳи мухлисон мерасонем, ки имрӯз  25-уми январи соли 2024 соати 14:00 дастаи футболи Соҳибкорон бо дастаи футболи МДМВ-и №1 рақобат намуда, соати 15:00 дастаи футболи Динамо бо дастаи футболи МТМУ-и №3 бозиро идома медиҳанд.

Ба дастаҳо мувафақият мехоҳем.