83138 2-40-07

САҲМИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “НУРОФАРОН” ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24-уми январи соли ҷорӣ дар асоси нақша- чорабиниҳои ташкилоти ибтидои ҳизбии “Нурофарон”-и НБО-и Норак ва бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади ҷангалпӯш намудани талу теппаҳои гирду атрофи нерӯгоҳ дастаҷамъона ба ҳашар баромаданд.

Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хоса мебахшад. Аз ин рӯ, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як маъракаи ҳақиқии мардумӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Мақсад аз сабзу хуррамгардонӣ ба хотири  зебоӣ ва гулгуншукуфоии мамлакати биҳиштосоямон аст, ки кормандони ташкилоти мазкур дар ин самт  камари ҳиммат бастанд, чунки Тоҷикистон ва зебогии атрофи он ифтихори мост.