83138 2-40-07

ХОНИШИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" бо иштироки муовинони раиси шаҳри Норак Маҳмадизода Хайриддин, Ҳакимзода Зуҳро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ғафурзода Фирдавс, намояндагони шубаи маориф ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16, 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон" масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдўстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан суханронӣ намуданд.