83138 2-40-07

"ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15 январи дар МТМУ рақами -№7 шаҳри Норак бо иштироки масъулони шуъбаи маориф, вакилони ҳизбӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кибил” МТМУ-и №7 бо падару модарон вохӯри гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ директори МТМУ-и №7 Ғуломов Шамсулло иброз доштанд, ки вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд мебошад. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Дар сӯҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем, аммо бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате, ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.

Сипас Қаҳорзода Тағойбек вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак  қайд кард, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат махсусан Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои наҷибу ғамхориҳои зиëде баҳри ҷавонон пеша гирифтаанд, ки ҳар як ҷавони ватандӯстро мебояд баҳри пешрафт гулгулшукофоӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хизмати содиқона намоянду нагузорад ҳеҷ чашми бади душман ба ин сарзамини биҳиштосо афканад.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ" ҳамзамон рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва дигар омилҳои номатлуб аз тарафи масъулин андешарониҳо сурат гирифт.