83138 2-40-07

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №15

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод аз рафти сохтмони 4 синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ № 15 деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯкони шаҳри Норак дидан намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва бо ҷалби ҷавонмардони деҳа ва кумитаи падару модарони ин муассиса бунёд карда шудааст.

Баъд аз бунёди синфхонаҳо шароити таълиму тарбия боз ҳам хубтар гардида, барои донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад намуд.