83138 2-40-07

Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр миёни хонандагони синфҳои 9-10  дар МТМУ-и №16-и –шаҳри Норак “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои зерин доир гардид: Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.

Дар Амалиёти “Соати сиёсӣ” Мусулмонзода Сабрина  мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, Абдукаримзода Меҳрона мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва директори МТМУ-и №16  Каримзода Муҳсиддин  иштирок доштанд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.