83138 2-40-07

ОҒОЗИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БО КӮМАКИ АҲОЛӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и деҳаи Наи Зираки Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак сохтмонӣ 4 синфхонаҳои иловагии нав мавриди оғоз қарор дорад.

Ин иқдом бо ташаббус ва кӯмаку дастгириҳои мардуми саховатманди ин деҳаи мазкур бунёд ёфта истодааст. Корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза бо сокинон ва аҳолии деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона вусъат ёфта истодааст.

Бояд гуфт, ки сокинони маҳал азм доранд, ки маблағи даркориро саривақт ҷамъовари намуда, масолеҳи сохтмониро харидорӣ кунанд ва ҳарчи зудтар синфхонаҳои иловагиро пурра сохта рангу бор намуда, ба истифода диҳанд.

Албатта, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар ҳаҷми як ошёна тӯҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад.

Боиси қайд аст, ки дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи Наи Зирак махсусан директор ва омӯзгорони мактаб, саҳми бевоситаи худро гузошта истодаанд. Пойдевори синфхонаҳо аз ҷониби онҳо бо роҳи ҳашар оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Тибқи иттилои директор баъд аз ба анҷом расидани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ камбудиҳо оид ба норасогиҳо бартараф шуда, хонандагон имкон пайдо менамоянд, ки оянда дар синфхонаҳои наву барҳаво таҳсилро давом диҳанд.