83138 2-40-07

ГАР  ДАСТИ  ФИТОДАЕ  БИГИРӢ,  МАРДӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмак ба ятимон, маъюбон, оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи директори генералии ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Заводи Механикӣ-таҷрибавӣ"-и шаҳри Норак вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Азимов Хуҷамурод ба омӯзгорон, кормандони хурди техникӣ ва ятимони МТМУ-и №28  кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

              Ҳамчунин  тӯҳфагузории навбатӣ - халтачаҳои солинавӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ ба хонандагони ниёзманд ва бо дастгирии  сархатиби шаҳри Норак Наимов Абдулҳай ба ятимони муассисаи таълимии мазкур  маҷмӯи сару либоси зимистона, аз қабили пойафзол, сару либос, ҷӯроб, кӯлоҳи гарм  тақдим карда шуд.

Роҳбарияти МТМУ-и №28 ба вакили мардумӣ, соҳибкори муваффақ Азимов Хуҷамурод, сархатиби шаҳри Норак Наимов Абдулҳай ва соҳибкори  саховатпеша  миннатдорӣ баён намуда,  ба онҳо умри дарози бобаракат, тани сиҳат ва дар хонадонашон  файзу баракатро таманно менамояд.