83138 2-40-07

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша- чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳбалад” –и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади ҷангалпуш намудани талу тепаҳои шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва бо ҷалби кормандони корхонаю муассисаҳо ва аҳолии шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд.

Дар доираи ҷангалпуш намудани талу теппаҳои шаҳр зиёда 200 бех ниҳоли писта ва 1000 бех дарахти шулаш  шинонида шуд.