83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг,  мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис, Сармутахасси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ғафурзода Фирдавс, ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ҳамзамон оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳо дар байни ҷавонон, иззату эҳтироми падару модар, омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.