83138 2-40-07

ЭҲТИРОМУ ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОН

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати собиқадорон ва нафароне, ки дар соҳаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон заҳмати арзанда кардаанд, дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста иқдоми шоиста роҳандозӣ мегардад.

Санаи 4 декабри соли ҷорӣ бахшида ба 29- солагии таҳсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  бо мақсади эҳтиром гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорони меҳнат ба аёдат рафта, аз фаъолияти пурсамарашон  ёдоварӣ намуданд.

Ҳасанзода Шаҳло  собиқадорони меҳнатро ба 29- солагии таҳсисёбии ҲХДТ   табрик карда, баҳрашон даврони пурсаодати пириро орзу намуданд.  

Дар рафти вохӯрӣ собиқадорон  аз ҳаёту фаъолияти кории худ, ҳамчун панди зиндагӣ мисолҳо оварданд.