83138 2-40-07

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА” ДАР  МТМУ-И №17 ДЕҲАИ ДУРДАСТИ  ХУЧАЛОНИИ ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи банди 5-и нақшаи намунавии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва  нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 29 –солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи  “ҲХДТ – ҳизби созанда” миёни хонандагони синни 14-18 сола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Норак  ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 29-ноябри соли ҷорӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба деҳаи дурдасти Хучалонӣ  МТМУ- и  №17 рафта, озмуни мазкурро эълон намуда, зимни вохӯрӣ ба хонандагон дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар ҷомеа мавќеи устувор пайдо намудани ҲХДТ давоми 29 сол, дар масъалаи таҳкими истиқлолият, ҳимояи марзу буми ватан, таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим дар ҷомеа бо ташаббуси ҲХДТ  маълумот  доданд.

Хонандагони синфҳои 8- 11 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17  дар мавзуи “ҲХДТ – ҳизби созанда” иншоҳои худро навишта,  ба Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ пешниҳод менамоянд. Масъулини ҳизбӣ иншоҳои навишташударо дар якҷоягӣ бо намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таълимии мазкур аз назар гузаронида, ғолибонро муайян менамоянд ва ғолибони озмуни расм ва иншои беҳтарин дар фазои тантанавӣ бо туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак сарфароз гардонида мешаванд.

Баъди дида баромадани иншоҳои хонандагони синфҳои 8-11 санҷиш чунин натиҷа дод, ки барои иншои беҳтарин :

Ҷойи 1-ум ба Шарифзода Ҷаҳонгир  хонандаи синфи 8

Ҷойи 2-юм ба Юнусзода Фотима  хонандаи синфи 8

Ҷойи 3-юм ба Ҷулазода Омина  хонандаи синфи 11 дода шавад.

     Ҳамчунин  расмҳо дар мавзӯҳои сулҳ, ваҳдат, Ватан, Тоҷикистони азиз, модар, сарбоз дар хизмати Ватан-Модар, рамзҳои давлатии Тоҷикистон  ва ғайра пешниҳод гардиданд, ки  дар  натиҷаи санҷиш:

Ҷойи 1-ум ба Ибодзода Нозанин   хонандаи  синфи 7

Ҷойи 2-юм ба Шарифова Нозия  хонандаи  синфи 5

Ҷойи 3-юм ба Зоиршоҳ   хонандаи   синфи  5 дода шавад.

             Санаи 4 декабри соли 2023 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, Ашуров Қурбоналӣ намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба муассисаи таълимии дурдасттарини шаҳри Норак МТМУ-и №17 деҳаи Хучалонӣ ташриф оварда, бо хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур мулоқот намуданд.

          Баъд аз суханронӣ раиси Кумита Ҳасанзода Шаҳло ғолибони озмунро бо туҳфаҳо сарфароз гардонида, ба онҳо дар хонданашон барои оянда муваффақият таманно намуд.

Шарипов Бекмурод директори МТМУ-и №17 аз баргузории чунин озмунҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки хурсанд аз он аст, ки муассисаи маълимии №17, ки яке аз муассисаҳои дурдасттарини шаҳр ба ҳисоб меравад, зери таваҷҷуҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қарор гирифтааст ва хонандагон бо шодиву шавқ дар озмуни мазкур иштирок карданд.

Коллективи омӯзгорони МТМУ-и №17 ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак миннатдорӣ баён намуданд.

Мақсад аз ташкилу баргузории ин гуна озмуну маҳфилҳои эҷодӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллату давлатдорӣ, бедор намудани завқи эҷодии насли ояндасози ҷомеа ва ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ  мебошад.