83138 2-40-07

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “НИҲОЛИ ПУРСАМАРИ ҲХДТ ДАР 29 СОЛ”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 04 декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумита Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ мизи мудаввар таҳти унвони “Ниҳоли пурсамар дар 29 сол” баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Ҳасанзода Шаҳло чунин қайд намуданд, ки 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқи Тоҷакистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ намуд ва 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Тоҷикистонро номнавис кард. Ҳизби Халқи Тоҷакистон бо идеологияи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ як ҳизби куллан нав ва ҳамзамон миллӣ буд. Ғояи аслии ин ҳизб низ дар он буд, ки тамоми шаҳрвандон барои таҳкими давлатдории миллии хеш кӯшиш намоянд ва қувваи пешбарандаи ин ғоя бояд ҳамин ҳизб бошад. Ҳизб вазифаи аслиашро иҷро намуд, ҳизби пешрави ҷомеа, ҳизби пурқувват ва ҳизби ҳокими ҷомеа шуд.

25 июни соли 1997 Анҷумани 3-юм Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод. Ҳизбе, ки ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи озодӣ, демократӣ таъсис ёфта буд, марҳалаи сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай намуда, имрўз ба як ҳизби созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи кишвар табдил ёфта, ҳамчун ниҳоди пешбари ҷомеаи шаҳрвандӣ шинохта шудааст. Мақсади асосӣ аз созмон додани ҲХДТ муттаҳид намудани он нерўи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буд, ки ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққиро таъмин намуда, манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя карда тавонад.

Ҳамзамон раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ баромад намуда, қайд намуданд, ки роҳи тайнамудаи ҲХДТ ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ дар тӯли ин 28 сол роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит сохт. Собит кард, ки тамоми афкору манавиёташ аз умќи дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ин ҳизб дар ҷомеа мавќеи устувор пайдо намуда, обрўву эътибори баландро соҳиб шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масъалаи таҳкими истиқлолият, ҳимояи марзу буми ватан, манфиати давлат, таҳкими давлатдорӣ, таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим дар ҷомеа то имрўз нақши босазое гузошта истодааст.

Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона буда, ҳадафи асосиаш таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва мустањкам намудани пояи давлатдорӣ мебошад.