83138 2-40-07

Саҳми ташкилотҳои ибтидои ҳизби дар маракаи ниҳолшинонии шаҳр.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хоса мебахшад. Аз ин рӯ, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як маъракаи ҳақиқии мардумӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Санаи 30 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросими ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳбадад”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ деҳаи Туғмазор бо ҷалби иттиҳодияҳои динӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.