83138 2-40-07

 АКСИЯИ   “ЯКҶОЯ  МЕСОЗЕМ!”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

               

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ-и  №2 –ба номи Субҳон Донахонови шаҳри Норак бо ташаббус ва роҳбарии директори муассисаи таълимии мазкур Боева Файзимоҳ ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” таъмиру азнавсозӣ рафта истодааст.

Ин навбат  бо мақсади бе мушкилӣ баровардани фасли тирамоҳу зимистони хонандагон як қисмати роҳравҳои муассисаи таълимӣ бетонпӯш карда шуда, хонандагон метавонанд бе мушкилӣ фасли зимистонро, ки боришоти  борон  зиёд  мебошад,  паси сар намоянд.

Бо умеди он  ки насли наврасу ҷавони маҳалла ба илму дониш завқ дошта бошанд, созандаву бунёдкор гарданд, ватандӯсту хештаншинос шаванд ва аз ҳама асос, аз ҷаҳолату торикӣ ҳамеша дур бошанд, ҳамчун роҳбар шароити хуб барои донишандӯзии хонандагон муҳайё намуданро  масъулияти касбии худ мешуморам, - мегӯяд директори МТМУ-и №2 бонуи  ташаббускору созанда  Файзимоҳ Боева.