83138 2-40-07

Баргузории Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баргузории дарсҳои кушод зери унвони “Соати сиёсӣ” бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор шанбеи охири ҳар моҳ ба роҳ монда шудааст.

Санаи 25 ноябри соли 2023 миёни хонандагони синфҳои 10-11 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7   шаҳри   Норак “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар амалиёти мазкур Хайруллозода Баҳодур муовини  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак, Азизов Амонулло раиси маҳалаи Кибили ҷамоати  Пули Сангин  ва Шоева Гулсун директори МТМУ №7  иштирок намуданд.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои зерин доир карда шуд:

1. Асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон,

2. Ваҳдати миллӣ ва вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир

3. Экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим

4. Ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро  сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои таълимӣ дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.