83138 2-40-07

Хонишҳои сиёсӣ дар Литсейи "Нурбаш"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30 апрели соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр ва собиқадорони маҳал   вохӯрӣ миёни Литсейи “Нурбахш” оид ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд. Инчунин, баромадкунандагон вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуданд.