83138 2-40-07

Бонувони варзишгар барои ғолибият талош доранд

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали бозиҳои ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба 29 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  миёни бонувони ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ мусобиқаи варзишии намуди волейбол баргузор гардида истодааст.

Санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи варзишӣ дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чашма -1,2” (МТМУ-и №10) бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ализода”- МТМУ №27  рақобат намуданд, ки дар  натиҷа  дастаи  МТМУ №27   ғолиб баромад.

Бояд қайд кард, ки мусобиқаи варзишӣ миёни бонувони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ босуръат ҷараён дорад ва дастаҳо барои дарёфти  “Ҷоми маҳаллии ҲХДТ” тамоми кӯшишу ғайрати худро сарф намуда истодаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда идомаи бозиҳои навбатӣ санаи 24 ноябри  соли 2023, соати 14:00  дар МТМУ-и “№28  баргузор мегардад:

  1. Дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳбалад” МИҲД - Норак бо МТМУ-и №9

  2. Дастаи бонувони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо МТМУ №28