83138 2-40-07

Рақобати бозии волейбол миёни бонувон

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бозии волейбол тибқи ҷадвали бозиҳои ҲХДТ дар шаҳри Норак миёни бонувони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта истодааст.

Санаи 21 ноябри соли ҷорӣ дар бозии мазкур дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тутқавул” (МТМУ-и №4) бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лангар-1,2” МТМУ №2 рақобат намуда, дастаи волейболбозони МТМУ №2 ғолиб баромаданд.

Инчунин дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯконӣ” Гимназияи давлатии №1 бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” рақобат намуда, дастаи Гимназияи давлатии №1 ғолибият ба даст оварданд.

Тибқи ҷадвали бозиҳо санаи 24 ноябри соли 2023:

1. Дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳбалад” МИҲД - Норак бо МТМУ-и №9

2. Дастаи бонувони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо МТМУ №28 мусобиқаро давом медиҳанд.