83138 2-40-07

Дастгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзманд аз ҷониби фаъолони ҲХДТ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кумаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  ба дидорбинии  2 нафар маъюби гурӯҳи 1-уми Солиев  Абдусалом аз минтақаи манзилии 1  ва Абдуллоев Асадулло аз ҷамоати  деҳоти Пули Сангин рафта, ба онҳо нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.

Масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  зимни суҳбат бо шахсони  маъюб қайд намуданд, ки Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат  дастгирии  маъюбон ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа хабардор мешаванд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба чуни шахсон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Маврид ба зикр аст, ки минбаъд ин иқдом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар охири ҳар моҳ роҳандозӣ хоҳад шуд.