83138 2-40-07

Бозии волейбол миёни бонувон идома дорад

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали бозиҳои ҲХДТ дар шаҳри Норак миёни бонувони ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ  бахшида ба 29 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

Имрӯз 17 ноябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи варзишӣ дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” (НБО-и Бойғозӣ) бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”- МТМУ №1 рақобат намуданд, ки дар  натиҷа  дастаи  МТМУ №1  ғолиб баромад.

Инчунин дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” МТМУ №8 бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “”Фарҳанг” рақобат намуда, ғолибият насиби  дастаи  МТМУ №8  гашт.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда идомаи бозиҳои навбатӣ санаи 21 ноябри  соли 2023, соати 14:00  дар МТМУ-и “№28  баргузор мегардад:

  1. Дастаи  МТМУ-и  №2   бо дастаи   МТМУ-и №4

  2. Дастаи “Роҳсоз” бо дастаи Гимназияи давлатии №1

  3. Дастаи МТМУ-и №10  бо  дастаи МТМУ-и  №27