83138 2-40-07

АКСИЯИ  ҲИЗБӢ  ТАҲТИ  УНВОНИ  “ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО! ” ДАР  ШАҲРИ  НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 16-уми ноябри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба ифтихори Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Бо президентм Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!” баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис бо гуруҳи волонтёрони ҳизбӣ ба сокинони шаҳр ва кормандони корхонаву муассиса ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрда, варақаҳои таблиғотиро  тақдим намуданд.

Ифтихормандем, ки дар саросари Тоҷикистони биҳиштосою азизамон ҷиҳати арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва арзандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату халқи тоҷик 16-уми ноябр "Рӯзи Президент" бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Барои расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои муаззами миллат басо бузург мебошад ва маҳз барои ҳамин ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдати Тоҷикистон мегӯянд.

           Дар навбати худ иштирокчиёни аксия аз иқдоми мазкур болида гардида, ба Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба Тоҷикистони азизамон ояндаи дурахшонро таманно намуданд.