83138 2-40-07

Маросими кушодашавии мусобиқаи шаҳри оид ба волейбол байни бонувони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8-уми ноябри   соли 2023 дар МТМУ №28  маросими кушодашавии мусобиқаи шаҳри  оид ба волейбол байни бонувон баргузор шуд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур,  мудири бахши ҷавонон ва варзиш Зайнидинов Азамат  ва  намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр  иштирок  намуданд.

Ҳасанзода  Шаҳло  Ҳасан  қайд намуданд, ки  мусобиқаи  мазкур бахшида  ба  29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инчунин  бо мақсади равнақ додани муттаҳидию дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, рушд, тарғиб ва ташвиқоти варзиш, хусусан волейбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муайян намудани беҳтарин дастаи волейбол байни бонувони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр ташкил ва баргузор гардида  истодааст.

Муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро  қайд намуд, ки варзиш василаи муҳими тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим буда, яке аз воситаҳои асосии барои беҳтар гардонидани вазъи саломатӣ ва муаррифгари давлату миллат мебошад.

Дар ин мусобиқа беш аз 20 даста   иштирок  намуда,  байни ҳам рақобат менамоянд.

Дастаҳои ғолиб, бозингарони беҳтарин  аз ҷониби  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак   муайян ва  қадрдони хоҳанд шуд.