83138 2-40-07

Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№15, деҳаи Чал-Чал синфхонаҳои  иловагӣ  бунёд гардида истодааст.

Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" роҳандозӣ гардида, бо саҳми маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ бунёд меёбад.

Ҷавонмардони бонангу номуси деҳаи мазкур дастаҷамъона баҳри ободию шукуфоии маҳаллихуд бо дасту дили гарм синфхонаҳои иловагиро дар рузҳои наздик ба анҷом расонда, ба хонандагони МТМУ № 15 туҳфа  намоянд.