83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Нақша чорабиниҳои муштарак бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон таҳти унвони "ҶАВОНОН, ПАЁМ, ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маориф-Ҳайдарзода Садбарг мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Зайнидинов Азамат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и деҳаи Чал Чалил Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ шаҳри Норак бо омӯзгорон ва волидайни хонандагони сину соли 14-16 ва 17-17 сола гузаронида шуд.

Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ҳамзамон оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.