83138 2-40-07

Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ" ва "Мактаби ман" дар МТМУ №З- и шаҳри Норак

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти  муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар МТМУ №З- и шаҳри Норак амалиёти “Соати  сиёсӣ” ва “Мактаби ман” гузаронида шудааст. Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро дар бораи амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии соҳаи маориф, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва чор озмуни ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи китобхонӣ, маърифати фарҳанг, дониш ва зеҳни риёзию техникии тамоми қишрҳои гуногуни кишвар роҳандозӣ гардидааст, баромад намуданд ва волидайни хонандагонро таъкид намуданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас бо омӯзгорону мактаб ҳамеша дар робита бошанд. Дар фарҷоми маҷлис, дар қадрдонии омӯзгорон, хонандагон ва волидайни шогирдон маъмурияти муассисаро меҳмонон ҳамроҳӣ намуданд.