83138 2-40-07

ХОНИШҲОИ СИЁСӢ "ҶАВОНОН, ПАЁМ, ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Нақша чорабиниҳои муштараки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш”  шаҳри Норак бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон таҳти унвони "ҶАВОНОН, ПАЁМ, ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, Сармутахасси шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Мирзозода Зебо, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Зайнидинов Азамат муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ-Зайниддинов Вайсиддин бо донишҷӯёни Филиали МҒТ-" Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак" гузаронида шуд.

Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ҳамзамон оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.