83138 2-40-07

Корҳои ободони бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар шаҳри  Норак  мунтазам корҳои ободонӣ  ва созандагӣ  баргузор мегардад.

Бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои сохтмонии бинои маъмурии шӯъбаи Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, воқеъ дар кӯчаи С.Ниёзов, шаҳри Норак оғоз гардид.

Айни замон сохтмончиён барои  битон гирифтани қабати якуми  бино шуруъ намуда, минбаъд корҳои сохтмонӣ вусъат хоҳад ёфт.