83138 2-40-07

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР МТМУ-И РАҚАМИ 9-И ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои таъмини пурраи шароити илму ҳунаромӯзӣ ва машқу тамрин фаро гирифтани наврасону ҷавонон дар баробари бунёди муассисаҳои таълимӣ маҷмааҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои мухталифи варзишӣ бунёд мегардад.

Дар шаҳр ҳоло 47 майдончаи варзишӣ, 14 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 варзишгоҳ ва 2 мактаби варзишӣ фаъолият мекунад.

Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии Ватан ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 350,0 ҳазор сомонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и маҳаллаи Энергетики шаҳри Норак майдончаи варзишӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиен, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин ва раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ифтитоҳ карда шуд.

Иншооти мазкур дар рушди варзиши маҳал, кашфи варзишгарони касбӣ ва махсусан солимгардонии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.