83138 2-40-07

Ба истифода додани Корхонаи парандапарварии ҶДММ «Лаҳзати Норак»

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Норак бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиен, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод Корхонаи парандапарварии Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Лаҳзати Норак»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нав дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариши мурғ пешбинӣ гардида, дар 45 рӯз зиёда аз 9 ва 12 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Саидзода Файзиддин ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, 10 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардидаанд.