83138 2-40-07

БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ  №22   ДЕҲАИ НАВДЕҲ  ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иди забони давлатӣ, иди омӯзгорон дар якҷоягӣ бо сохторҳои гуногун, саҳмгузорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, шӯъбаи маорифи шаҳри Норак ва мардуми саховатманди деҳаи Навдеҳ бинои нави иловагӣ дар муассисаи таълимии № 22 сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин рӯзи фархунда раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло,  муовини аввали раис Азимзода Шуҳрат, муовини раис Ҳакимзода Зуҳро, мудири шуъбаи маориф Ҳайдарзода Садбарг, раиси маҳалла Садуллоев Ҳабибулло, директори муассисаи таълимии №22  Давлатова Баҳриниссо ва дигарон иштирок доштанд.

Бинои иловагӣ дорои 4 синфхонаи таълимӣ буда, барои 150 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ раиси маҳалла  Садуллоев Ҳабибулло ва директори муассисаи таълимӣ Давлатова Баҳриниссо бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд.