83138 2-40-07

Аёдати омӯзгорони собиқадор

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3 сентябри соли 2023 Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи омӯзгорон ба аёдати омӯзгори собиқадор Солиҳов Абдукарим рафта, аз аҳволашон хабар гирифтанд.

Солиҳов Абдукарим солиёни дароз ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул шуда, дар МТМУ-и №4 ба номи Алимаҳмад Мирзоеви деҳаи Тутқавули шаҳри Норак кору фаъолият кардааст. Шогирдони зиёдеро тарбия намудаву соҳибилм гардонида, барои хизмат ба халқу миллат сафарбар кардааст.

 Ҳасанзода Шаҳло устодро бо фарорасии иди касбиашон  табрик гуфта, баҳрашон даврони пурсаодати пириро орзу намуда, қайд карданд, ки саҳми онҳо дар таълиму тарбияи ҷомеа назаррас буда, собиқадорон ҳамеша дар мадди назари ҳизб мебошанд.

Ба омӯзгори собиқадор тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия супорида шуд.