83138 2-40-07

ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН!

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурсоз” - и шаҳри Норак  дидан  намуданд.

Санаи 3 октябри соли ҷорӣ Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тибқи рӯйхат аз билетҳои ҳизбии кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда дидан намуданд ва дар идома 21 нафар корманди фаъол, ки аризаи худро барои аъзои ҲХДТ шудан пешниҳод карда буд, ботантана соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардиданд.