83138 2-40-07

  “СОАТИ СИЁСӢ”  МИЁНИ  ХОНАНДАГОНИ  МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба баргузории Соати сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, санаи 30-юми сентябри соли 2023 дар Литсейи давлатии “Нурбахш”-и шаҳри Норак дар мавзӯи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷахон” миёни хонандагони муассисаи таълимии мазкур гузаронида  шуд.

Амалиёти “Соати сиёсӣ”дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд:

- Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон

- Шарҳу тавзеҳи Паёми Роҳбари давлат,тарбияи ҳарбии–ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ.

Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” Боев Умедҷон мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  иштирок  намуда, бо хонандагони синфҳои 9-уми литсей оид ба масъалаҳои зикршуда баромад кард.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.