83138 2-40-07

ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба баргузории Соати сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  санаи 30-юми сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Б. Пирназарови шаҳри Норак дар мавзӯи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷахон” миёни хонандагони муассисаи таълимии мазкур гузаронида  шуд.

Амалиёти “Соати сиёсӣ”дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд:

- Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон

- Шарҳу тавзеҳи Паёми Роҳбари давлат,тарбияи ҳарбии–ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ.

               Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Абдукаримзода Меҳрона, мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ Мусулмонзода Сабрина ва роҳбари созмонҳои муассисаи таълимӣ Ғафурзода Моҳ иштирок  доштанд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.