83138 2-40-07

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ “СОАТИ СИЁСӢ” МИЁНИ ХОНАНДАГОН

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба баргузории Соати сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, санаи 30-юми сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Норак дар мавзӯи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷахон” миёни хонандагони муассисаи таълимии мазкур  гузаронида шуд.

Амалиёти “Соати сиёсӣ”дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд:

- Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон

- Шарҳу тавзеҳи Паёми Роҳбари давлат,тарбияи ҳарбии–ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ.

             Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис, муовини директори муассисаи таълимӣ Абдуллозода Анора ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар Соати сиёсӣ бо хонандагони синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 аз ҷониби омӯзгорон вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳо, задухӯрдҳои мусаллаҳона, нооромӣ дар баъзе давлатҳои дунё қайд карда шуда, ба хонандагон фаҳмонида шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он вокеаҳои мудҳише, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ пайваста истодааст, бетараф буда наметавонад. Дар асоси сиёсати дарҳои кушод, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамешагӣ ҷонибдори тинҷию оромӣ, сулҳу субот буда, дилхоҳ намуди таъсиррасониро, ки ба ҷони одамизод  хатар эҷод менамоянд маҳкум месозад.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимӣ дар ҳамбастагии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.