83138 2-40-07

Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурсоз” дар шаҳри Норак

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 сентябри соли 2023  Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан аз корхонаи истеҳсолии  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” дидан намуданд.

Бояд қайд кард, ки коргоҳи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022 - 2026 ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ, бародарон  Табаровҳо бунёд гардидааст.

Бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ зиёда аз 100 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо истифода аз дастгоҳу технологияи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон имкон аст, ки дар як шабонарӯз 6 ҳазор ва дар як сол 2 миллион метри мураббаъ масолеҳи баландсифати сохтмонӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ омода карда шавад.                 

Фаъолияти коргоҳи сангҳои ороишӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” бо истифода аз технологияи насли нав ва коркарди ашёи хоми худӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти аълосифат омода мегардад.

             

Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ рақамии ҳозиразамон буда, мутахассисони варзидаи ватанӣ бо истифода аз сангҳои табиии кӯҳҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Файзобод се навъ маҳсулоти ороишӣ, аз ҷумла кабуд, сафед ва сурхро бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ омода мекунанд.

Маҳсулоти ниҳоии коргоҳ аз лиҳози сифат мустаҳкаму устувор буда, ба саломатӣ безарар мебошад.

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак фаъолияти корхонаи мазкурро шоёни таҳсин ва намуна арзёбӣ карда, бо назардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар мамлакат, ба масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот маслиҳатҳои судманд доданд.