83138 2-40-07

КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК 82-ЮМ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИРО  ТАЪСИС ДОД

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак  ба масъалаи қабул ба узвияти ҳизб аз ҳисоби ҷавононе, ки Оиннома ва Барномаи онро эътироф мекунанд, ба марому ҳадафҳои он содиқанд ва роҳу равиши пешгирифтаи онро дастгирӣ менамоянд,  эътибори хоса  медиҳад.

Дар меҳвари дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳбуд бахшидану ба низом даровардани фаъолияти ҳизбӣ, ривоҷу равнақ бахшидани корҳои идеологӣ ва қонеъ намудани хоҳишу талаби аъзои ҳизб, ки аз Оинномаи ҲХДТ бармеояд, санаи 22 сентябри  соли 2023 дар ҶДММ “Нурсоз” бо 40 нафар аъзо  таъсис дода шуд.

Бояд қайд кард, ки корхонаи  ҶДММ “Нурсоз” аз 24 октябри соли 2022 ба кор оғоз намуда, дар он сехи коркарди сангҳои ороишии қиматбаҳо, масолеҳи сохтмонӣ  ва  варақаҳои гаҷӣ  фаъолият мекунад.

Дар ҷамъомад раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  суханронӣ намуда, мавқеи ҳизбро дар раванди сулҳу суботи саросарии кишвар, расидан дастоварҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар ин замина дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба рушди устувори кишвар баён карда, ҳозиринро ба таъсиси ташкилоти ибтидоии нав табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти басо пурмасъули ҳизбӣ барору бурдбориҳо таманно карданд.

Дар маҷлиси мазкур масъалаи таъсиси ташкилоти ибтидоӣ ва номгузории он, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва қабули аъзо ба сафи ҲХДТ муҳокима гардид. Масъулин дар мулоқот баромад намуда, оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ, тарзи дурусти коргузорӣ, ҷалби аъзо ба корҳои созандагию ободонӣ суханронӣ карданд.

Сипас, бо дастгирии иштирокдорон Табаров Шамсиддин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурсоз” ва Юсупов Маҳмадсаид шахси масъул барои пешбурди  корҳои ҳизбӣ интихоб гардида, зимни баромади хеш иброз доштанд, ки мо масъулон дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  талош хоҳем варзид.

Дар фарҷом ҳизбиён дар суханрониҳояшон қайд намуданд, ки онҳо омода ҳастанд бо дарки баланди масъулият, тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса диҳанд. Бо иштироки фаъолона дар ҳайати ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳо, Оиннома ва Барномаҳои ҲХДТ ва истиқболи сазовори 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ саҳми муносиб гузоранд.