83138 2-40-07

ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ДЕҲАИ ДУРДАСТИ МАҲАЛЛАИ НАВДЕИ ШАҲРИ НОРАК АМАЛӢ МЕГАРДАД.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Норак ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро  пайваста  миёни  қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Раиси маҳалаи  Навдеи шаҳри Норак Садуллоев  Ҳабибулло бо ҷалби ҷавонмардони  деҳа  Раҷабов Шуҳрат, Садуллоев Ҳикмат, Ҳошимов Маҳмадшоҳ,  Ҳошимов  Абдулвосид, Садуллоев Маҳмадулло ва Раҷабов  Ҷумахон  корҳои  созандагиро  бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва  масъулиятшиносӣ   ташкил  намуданд. Майдончаи варзишӣ, сохтмони бино  барои  ангишту ҳезум захира намудан  дар фасли   замистон, ҳавзчаи об  барои  оташхомӯшкунӣ, қуттиҳои замонавии партов, истгоҳҳои муосир, синфхонаҳои иловагӣ барои муассисаи таълимии  ҳамин деҳот сохта  ба  истифода  дода, дар ободонии  маҳалли худ саҳми арзанда гузошта  истодаанд.

Ҷавонони ватандӯстӣ  ин  деҳа  барои  гузаронидани  22 км хати оби нӯшокӣ, 5 км асфалтпӯшкардани роҳҳои маҳал, 5,5 км сангфарш, 500 метр бетонпӯш ва як бунгоҳи тибӣ сохта, мавриди  истифода  қарор доданд.

Бояд қайд намуд, ки  симои маҳҳалаи дурдасти  Навде   бо саҳмгузории ин ҷавонмардони  ватандӯст  ба куллӣ  дигаргун  гаштааст.